Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири Кулли нави паймони НАТО таъин шуд


Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг

Ҷенз Столтенберг-нахуствазири пешини Норвегия Дабири Кулли паймони НАТО муаррифӣ шуд. Таъйини Столтенберг ғайриинтизор набуд ва аз номзадии вай Амрикову Олмон ва Британияву Фаронса ҳимоят мекарданд.

Дар иэъломияе, ки паймони НАТО нашр кардааст, чунин гуфта мешавад: “Ҷаноби Столтенберг кори худро дар мақоми Дабири Кулли паймони НАТО аз 1 октябри соли 2014 шуруъ мекунад. Он вақт мӯҳлати раҳбарии Андерс Фоғ Расмуссен ба поён мерасад. Ин мӯҳат 5 солу 2 моҳро дар бар мегирад.

Расмуссен гуфт, “Столтенберг одами муносиб аст ва барои тақвияту комёбии НАТО хидмат мекунад”. Интихоби вай дар ҳолест, ки Қрими Украина ба Русия пайвастааст ва миёни Ғарбу Русия ихтилофи нав ба вуҷуд омдааст. Гузашта аз ин нируҳои НАТО барои хуруҷ аз Афғонистон омодагӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG