Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комроншоҳ дар Гран-прии дзюдо дар Туркия ширкат мекунад


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 29-30-юми март дар шаҳри Самсуни Туркия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз, ки маблағи умумии ҷавоизи он 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, иштироки варзишгарони 43 кишвар дар назар аст.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён чанде пеш дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо байни мардон дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех мақоми панҷумро касб карда буд. Дар ин мусобиқа 255 варзишгар аз 40 кишвар ширкат доштанд. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 килограмм дар нахустин қувваозмоияш бар Александр Мармелюк аз Эстония ғолиб омада, баъдан бар Айбол Айтбеки қазоқ пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Милан Радл аз Словакия шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ бар Петер Палчик аз Исроил дастболо шуд, ва аммо барои ҷойи севум қувваозмоиро ба Кристиан Тот аз Маҷористон бохт ва дар натиҷа аз медали биринҷӣ бенасиб монд. Дар ин вазн, ки 34 нафар ширкат дошт, Мурод Гасиев аз Русия ғолиб шуд.

Дарвоқеъ, ин севумин мусобиқаи байналмилалӣ буд, ки Комроншоҳ имсол ширкат кардааст. Вай имсол дар нахуст дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо бо номи “Тоскулоҳи бузург”дар шаҳри Пориси Фаронса ширкат варзида, дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Кю Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд.

Баъдан Комроншоҳ дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо байни мардон дар шаҳри Оберварти Австрия иштирок кард. Вай дар нахустин қувваозмоияш бар Арчи Волфман аз Исроил ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Такеши Сугаҳара (Ҷопон) мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гардид.

Ба назари коршиносон, паҳлавони ҷавони тоҷик дар ин се мусобиқаи пурнуфуз таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кард, ки ба ӯ дар мусобиқоти минбаъда ба кор хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG