Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои райдиҳӣ дар МУ СММ роҷеъ ба Украина


Маҷмаи Умумии СММ ба ҷонибдорӣ аз қатъномаи “Тамомияти арзии Украина” рай дод ва эълон кард, ки натиҷаҳои раӣдиҳӣ дар иҷлоси порламони Қрим нодуруст аст.

100 кишвар ба ҷонибюдорӣ аз ин қатънома рай доданд, 11 кишвар райи мухолиф ва 58 кишвар райи бетараф доданд. Чунин кишварҳо райи мухолиф доданд: Арманистон, Беларус, Боливия, Куба, Кориеяи Шимолӣ, Никарагуа, Русия, Судон, Сурия, Венесуэла ва Зимбабве.

Нахустин шахсе, ки дар ин иҷлос баъд аз райдиҳӣ сухан ронд, Андрей Дешутсия-кафили вазири корҳои хориҷаи Украина буд. Вай гуфт, қарордодҳои амниятии байналмиллалӣ бо пайвастани Қрим ба Русия ба таври ҷиддӣ осеб дидаанд.

Баъд аз вай Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ сӯҳбат кард ва аз мавзеъгирии кишвараш ҳимоят намуд. Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи ҳатмӣ нест, вале бозтоби афкори ҷаҳониён дар ин бора аст.
XS
SM
MD
LG