Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон


Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 28-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, чанде аз роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ба вазифа таъин карда шуданд. Тавре дар сомонаи расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми март хабар доданд, дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд ва Бунафша Одинаева – муовини вазири фарҳанг ва Зулфия Одинаева - муовини вазири нақлиёт, таъин гардиданд. Ҳамчунин Абдулҳаким Холов ба симмати директори Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ, Раҳимҷон Саидов - сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Раҳматулло Таваров - сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, Баҳодур Холназаров - сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ, Ғафур Хоҷамуродов - сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва Холмаҳмад Назаров - сардори хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ таъин шудаанд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаи стратегияи идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ шудааст. Тавре ин манбаъ зикр мекунад, тибқи ин санад, нишондиҳандаи асосии таносуби қарзи номиналии берунаи Тоҷикистон нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохила дар сатҳи 40%, унсури грантии қарзҳо на кам аз 35%, давраи имтиёзӣ на кам аз 5 сол ва фоизи онҳо на зиёда аз меъёрҳои тиҷоратӣ муайян гардидааст.
XS
SM
MD
LG