Пайвандҳои дастрасӣ

Тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби легионерҳо бозии санҷишӣ мекунад


Рӯзи 30-юми март бозии санҷишии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо мунтахаби легионерҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барпо мегардад.

Ин бозӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби миллии Тоҷикистон бегоҳи якшанбе, соати 17:30, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Ба ин бозии санҷишӣ муқобили легионерҳо Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, 20 бозигарро даъват кардааст, ки инҳоянд: дарвозабонҳо - Рустам Ризоев («Равшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), ҳимоятгарон - Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Равшан»), нимҳимоятгарон Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарифов (ҳама аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Бахтиёр Ҳасанов («Равшан»), ҳамлагарон - Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду аз «Истиқлол»).

Ҳайати мунтахаби легионерҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон чунин аст: дарвозабонҳо – Никола Стошич («Истиқлол»), Силванус Эванс Гбети («Вахш»), ҳимоятгарон – Менсах Даниэл Абан («Хайр»), Глаубер Да Силва («Истиқлол»), Мӯсо Содиқ («Равшан»), Уилям Гян («Энергетик»), Бенҷамин Авуко («Хуҷанд»), нимҳимоятгарон – Виллер Соуза Оливейра («Истиқлол»), Бенҷамин Аманква («Хуҷанд»), Бебей Кингли Поул, Айдох Наполеон (ҳарду аз «Хайр»), Феликс Бафое («Энергетик»), Феликс Асам (бе бошгоҳ), ҳамлагарон – Чарлз Теко («Хуҷанд»), Даврон Мирзоев («Истиқлол»), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр»), Соломон Течи («Равшан»).

Мураббиёни даста: Ҳикмат Фузайлов ва Рустам Хоҷаев.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «бозии санҷишӣ бо мунтахаби легионерҳо барои тими миллии кишвар як давраи омодагиҳо ба бозиҳои дӯстонаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Мо барои гузаронидани бозиҳои байналмилалии дӯстона бо тимҳои мунтахаби Афғонистон (4-уми май дар Душанбе), Эстония (7-уми июн дар Таллинн) ва Беларус (4-уми сентябр дар Минск) ба мувофиқа расидем. Ба ғайр аз ин, мо барои баргузор кардани бозиҳои байналмилалии дӯстона бо тимҳои мунтахаби Малайзия, Арманистон ва Чин гуфтушунид дорем».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG