Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ кёкушинкай байни наврасон дар Қазоқистон панҷ медал ба даст оварданд.

Дар сабқати писарон Сироҷиддин Кароматов дар рақобатҳо дар вазни 55 кило мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ҷамол Ибодов бо медали нуқра, Хушнуд Толиев ва Рустам Амиров бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин дар сабқати занон Нилуфар Ҳасаналиева соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Ҳикматулло Кароматов, раиси Федератсияи каратэ кёкушинкайи Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, «дар ин мусобиқа варзишгарони 15 кишвар ширкат доштанд. Акнун варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки тобистони соли равон дар Токио баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.»

Ба иттилои ҷаноби Кароматов ин намуди ҷопонии варзиш - каратэ кёкушинкай - дар Тоҷикистон аз соли 2004, баъди таъсиси Федератсияи миллӣ рушд ёфтааст. Дар муддати 10 сол варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ, қитъавию ҷаҳонӣ ширкат карда, беш аз 300 медал ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG