Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович хостори назарпурсӣ дар Украина шуд


Виктор Янукович

Виктор Янукович

Виктор Януковия-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина аз мардуми ин кишвар хостааст, ки “дар ҳар минтақаи Украина дар бораи мақоми худ роҷеъ ба шомил будан ба Украина” назарпурсии мардумӣ анҷом диҳанд.

Рӯзи ҷумъа хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия гуфт, ки аз номи Янукович эъломияи хаттӣ гирифтааст ва вай дар ин эъломия мардумро ба назарпурсӣ даъват кардааст. Янукович моҳи феврал аз Украина фирор карда буд ва то ҳол дар Русия ба сар мебарад. Маскав вайро то ҳол раиси ҷумҳури қонунии Украина мешиносад.

Ба гуфтаи Янукович, интихоботи ба нақшагирифтаи ҳукумати Украина барои 25 май вазъро дар Украина ноором мекунад ва танҳо назарпусӣ метавонад истиқлол ва тамомияти арзии ин кишварро ҳифз намояд.

Янукович ҳукумати кунунии Украинаро ғайриқонунӣ арзёбӣ кардааст. Вай ҳамчунин аз Ҳзби Минтақаҳои худ хост, ки вайро аз мақоми раҳбари ифтихорӣ барканор ва аз узвияти ҳизб хориҷ кунад.
XS
SM
MD
LG