Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз қатъномаи СММ оид ба Украина интиқод кард


Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар эъломияе тасвиби қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро “дар бораи дахлнопазирии қаламрави Украина” маҳкум кард. Вазорат эъломияи худро рӯзи панҷшанбе нашр кардааст ва дар он гуфта мешавад, ки қатъномаи 27 март “бенатиҷа” аст ва “талошҳоро барои ҳали бӯҳрони сиёсии дохилӣ дар Украина фақат душвор мекунад”.

Дар ин эъломия аз “дахолати амиқи як силсила кишварҳои ғарбӣ дар корҳои Украина” интиқод шудааст ва чунин дахолат сабаби аз миён рафтани авлавияти қонун ва нақзи густардаи ҳуқуқи инсон гардидааст. Дар эъломия омадааст, қатъномаи СММ, ки 100 райи ҷонибдор, 11 райи мухолиф гирифт ва 58 кишвари дигар худро бетараф эълон карданд, талоши Ғарб барои бар сари Русия задани бӯҳрони Украина арзёбӣ мешавад.

Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи ҳатмӣ нест, вале бозтоби афкори ҷаҳониён дар ин бора аст.
XS
SM
MD
LG