Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар марзи Озарбойҷону Арманистон


Озарбойҷон бори дигар Арманистонро муттаҳам кард, ки дар имтидоди марзи муштарак оташбасро риоят накардааст. Дар тирандозие як афсари низомӣ ва як сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзи ҷумъа вазорати дифои Озарбойҷон эъломияе нашр кард ва дар он гуфт, ки нируҳои Арманистон ба сӯи деҳаи Алибейлии Озарбойҷон дар ноҳияи Товуз воқеъ дар марз бо Арманистон субҳи рӯзи ҷумъа тирандозӣ кардаанд.

Дар натиҷа як афсари артиш ва як сокини маҳаллӣ аз захми тир дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ин ҳодиса дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки як рӯз пеш дар Ҳейги Ҳолланд Илҳом Алиев ва Серж Саркиён-руасои ҷамоҳири Озарбойҷону Арманистон қавл доданд, ки музокироти сулҳи ҷонибҳоро идома медиҳанд.

Ин ду кишвар бар сари Қарабоқи Кӯҳистонӣ, ки аксари аҳолиашро арманитаборҳо ташкил медиҳанд ва ҳоло онро Арманистон аз Озарбойҷон ба назорати худ даровардааст, ихтилоф доранд. Талошҳои байналмиллалӣ барои ҳалли ин муноқиша то ҳол натиҷа надодааст.
XS
SM
MD
LG