Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фановарии нав дар ҳаҷми 5,9 миллион евро барои фурудгоҳи Душанбе


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои хизматрасонии беҳтар ва мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ба мусофирон дар ҳаҷми 5,9 миллион евро василаҳои мухталифи фановарӣ, аз ҷумла «амбулифт» аз Италия ва Олмон харидорӣ кардааст. Дафтари матбуоти фурудгоҳи Душанбе рӯзи 28-уми март бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки қисми бештари ин техника алакай ба фурудгоҳ оварда шудааст ва то охири моҳи март бахши боқимондаи он, аз ҷумла амбулифт барои мусофирони маъюб, мошинҳои сӯхторнишонӣ ва дигар василаҳои фаннӣ ворид карда мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ фановариҳое, ки ба фурудгоҳи Душанбе ворид карда мешавад ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии ҳавопаймои шаҳравндии ICAO - International Civil Aviation Organization мувофиқат мекардааст.
XS
SM
MD
LG