Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи тарҳи CASA-1000 барои Тоҷикистон 45 миллион доллар тахсис додааст.

Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 27-уми март барои сармоягузории тарҳи CASA-1000 маблағи 526,5 миллион доллар ҷудо кардааст. Дар иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ, ки рӯзи 28-уми март дар сомонаи ин ниҳод ба нашр расидааст, аз ин маблағ 120 милион доллар барои Покистон ҳамчун қарз ва 316,5 млн доллар ба Афғонистон ва 45 миллион долларӣ ба Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун грант дода хоҳад шуд.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки баҳои аслии тарҳи мазкур ба 1,17 млрд доллари амрикоӣ баробар мебошад, ки харҷу сарфи заруриёти дигари онро Оҷонсии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико оид ба рушди ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд сармоягузорӣ хоҳанд кард.

CASA-1000 як барномаи пуриддаои минтақавист, ки сохтани хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон то Покистон аз тариқи Афғонистонро ба ҳадаф дорад. Дар доираи тарҳи (CASA-1000) хатти баландшиддати 1200 километра бо бунёди се истгоҳи интиқоли барқ сохта хоҳад шуд, ки ҳангоми тобистон аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон барқ интиқол дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ захоири барқи худро дар фасли тобистон ба Покистону Афғонистон бифурӯшанд

Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоле аз ҷудо намудани маблағ ба ин тарҳ хабар додааст, ки Узбакистон ахиран мухолифати худро ба ин тарҳ эълон карда буд. Чанде қабл Галина Саидова, вазири иқтисоди Узбакистон тайи як нома ба Бонки ҷаҳонӣ навишта буд, ки сохтмони хати интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, мавсум ба CASA-1000 мувозинати энержиро дар минтақа вайрон мекунад ва Бонки ҷаҳонӣ бояд аз сармоягузории ин тарҳ даст кашад. Аммо Бонки ҷаҳонӣ дар номаи ҷавобӣ ба мақомоти Узбакистон аз тарҳи CASA-1000 ҳимоят карда буд.

Лора Так, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказ дар посух ба дархости ҷониби Узбакистон гуфта буд, ки ташхиси ҳамаҷонибаи тарҳи CASA-1000 ҳанӯз дар соли 2011 ба поён расид ва натиҷааш ҳам ин буд, ки барномаи мазкур ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ надорад, "ташхиси мазкур давраи 20-сола (аз 2016 то 2035)-ро дар бар мегирад ва дар ин муддат ҳарду ҳам Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон дар ҳасли тобистон нерӯи кофӣ ва изофии барқи обӣ хоҳанд дошт, то бидуни афзудани тавоноиҳои нави тавлиди барқи обӣ ба Осиёи Ҷанубӣ содир кунанд."

Мавзӯи бунёди тарҳи CASA-1000 дар моҳи феврал дар нишасте таҳти васояти Бонки ҷаҳонӣ дар Вошингтон бо ширкати мақомоти баландпояи Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон ва намояндагони Амрикову Бонки ҷаҳонӣ ва чанд ниҳоди молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуда буд. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, дар авоили моҳи март ба Озодӣ хабар дода буд, ки қарор аст, созишномаи ниҳоӣ дар мавриди тарҳи CASA-1000 то поёни моҳи март имзо шавад.

CASA-1000 аз ҷумлаи барномаҳоест, ки ҳадафи асосиаш таъмини субот ва таҳияи заминаҳои рушди иқтисодӣ дар Афғонистон буда, ҳамзамон имкони ба бозори барқи Осиёи ҷанубӣ расондани нирӯи барқи изофиеро, ки тобистон дар нирӯгоҳҳои Қирғизистону Тоҷикистон тавлид мешавад, фароҳам меорад.Дар назар аст, баъд аз итмоми тарҳ, Афғонистон аз CASA-1000 худ 300 мегаватт нерӯи барқ мегирад ва бақияашро ба Покистон интиқол медиҳад.

CASA-1000 дар сол метавонад то 1300 мегаватт барқ интиқол диҳад.Покистон аз ин хатт метавонад ба шабакаи миллии барқаш дар мавсими гармо 1000 мегаватт барқ изофа кунад. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, миллионҳо нафар нафар дар Покистон то ба ҳол ҳатто хатти барқ надоранд.

Дар Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ва барномаи CASA-1000 нигарониеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст, ки мақомот баъди сохтани ин хатти барқ нирӯи барқро бо нархи гаронтар ба Афғонистону Покистон мефурӯшанд ва дар натиҷа мардум дар худи Тоҷикистон аз ин неъмат боз ҳам маҳрумтар хоҳад шуд.

Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, CASA-1000 бештар бо дарназардошти бунёди нирӯгоҳҳои азиме, чун Роғун, сохта мешавад ва ҳадаф аз он аз ҳоло пайдо кардани харидори оянда барои барқи Роғуну нирӯгоҳҳои дигаре аст, ки бояд сохта шаванд. Аз тарафи дигар, ахиран Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захоири об гуфта буд, Тоҷикистон аз фурӯши барқи зиёдатиаш дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя тариқи хати CASA-1000 умеди зиёд дорад. Чунки Тоҷикистон танҳо дар соли 2013 аз обанборҳояш оби зиёдеро, ки барои тавлиди то 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ кофӣ буд, беҳуда сар додааст ва танҳо аз ҳисоби набуди бозори фурӯши барқ дар тобистон ҳар сол тақрибан 120 миллион доллар зарар мебинад.

Аммо Узбакистон шадидан мухолифи тарҳҳои бузурги энергетикии кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон - буда, дар ин роҳ аз лоббиҳои худ дар ниҳодҳои байналмилалӣ фаровон истифода мекунад. Бонки осиёии рушд дар соли гузашта аз ширкат дар CASA-1000 худдорӣ кард ва бархе дар ин робита ангушт ба сӯи Тошканд мекарданд, ки дар чунин тасмим гирифтани ин ниҳоди молӣ даст дорад. Ба бовари Тошканд, бунёди нирӯгоҳҳои бузург дар Қирғизистону Тоҷикистон боиси беоб мондани заминҳои кишт дар кишварҳои поёноб шуда, паёмадҳои номатлуби экологӣ ҳам дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG