Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум Барак Обамаро ба ҳузур пазируфт


Попи Рум Франсиск рӯзи панҷшанбе, 27 март, дар Ватикан раисиҷумҳури ИМА Барак Обамаро ба ҳузур пазируфт. Зимни дастфишорӣ Обама ба Попи Рум гуфт, ки аз дидораш хело шод аст, зеро худро аз мухлисони ӯ мешуморад.

Попи Рум ба Обама медали хотиравӣ супурд ва сарвари Амрико барои боғи Ватикан тухмии сабзаҷотро тақдим кард. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки Попи Рум ва Обама масоили марбут ба фақр дар оламро баррасӣ мекунанд.

Раисиҷумҳури ИМА шоми чаҳоршанбе баъд аз дидору гуфтугӯҳои серӯза дар Ҳейг ва Брюссел вориди Рум шуд. Дар он мулоқотҳо мавзӯъи Украина дар меҳвар қарор дошт.

Қарор аст, ки Барак Обама бо нахуствазири Италия Маттео Рентсӣ ва раисиҷумҳури Ҷорҷио Наполитано ҳам мулоқот кунад. Рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Амрико дар чаҳорчӯби сафари якҳафтаинааш ба Аврупову Ховари Миёна вориди Арабистони Саудӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG