Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳвораи Таиланд ҳам дар уқёнус ашёи ношиносро ошкор кард


Мақомоти Таиланд хабар доданд, ки маҳвораҳои кишвар тақрибан 300 пораи гуногунро дар Уқёнуси Ҳинд, дар наздикиҳои макони ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшудаи ширкати Malaysia Airlines, ошкор кардаанд. Дарозии бархе аз пораҳо то 16 метр мерасад.

Аз ин пештар як моҳвораи фаронсавӣ ҳам тақрибан 200 километр дуртар 122 пораи номаълумро сабт карда буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин пораҳо ба ҳавопаймои нопадидшудаи Боинг-777 тааллуқ доранд ё на. Ин ҳавопаймо бо 239 мусофир шоми рӯзи 7 март баъд аз ду соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Куала-Лумпур ҷониби Пекин аз экранҳои радарҳо нопадид шуд.

Боду ҳавои номусоид боиси мутаваққиф гаштани корҳои ҷустуҷӯӣ дар Уқёнуси Ҳинд шуд.

Аввали ин ҳафта Наҷиб Раззоқ,нахуствазири Малайзия, ба хонаводаҳои мусофирон ва сарнишинҳои Боинг-777 хабар дод, ки ҳавопаймо аз масир берун шуда, дар ҷануби Уқёнуси Ҳинд суқут кардааст. Ҳамаи мусофирону сарнишинҳо ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG