Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турчинов аз афсарони дар Қрим раҳошуда ситоиш кард


Александр Турчинов, раиси парлумон ва кафили раёсатҷумҳурии Украина, аз мардонагии афсарони ахиран дар Қрим раҳошуда ситоиш кард. Дар мулоқот бо Комиссар дар умури густариши Иттиҳодияи Аврупо Штефан Фюле дар Киев рӯзи панҷшанбе, 27 март, ӯ гуфт, "ҳама афсароне, ки мардонагӣ нишон доданд, қадрдонӣ мешаванд ва барои мавқеи устуворашон зинаҳои болотарро дар хизмат соҳиб хоҳанд шуд. Мехоҳам рӯшан кунам, ки ягон афсар ё сарбоз бидуни ҳимоят нахоҳад монд. Онҳо ҳамроҳ бо мо дифоъ аз Украинаро идома хоҳанд дод.

Афсарони қаблан боздоштшудаи украинӣ, аз ҷумла, генерал-майло Игор Вороненко ва полковник Юлий Мамчур шоми чаҳоршанбе ба постгоҳи Чонгар дар марз бо Украина интиқол ёфтанд. Се нафари онҳо аллакай дар Киеванд.

Полковник Юлий Мамчур, ки рӯзи 22 март ҳангоми ҳамлаи аъзои дастаи “худмудофиа”-и Қрим ба пойгоҳи ҳавоии Белбек дастгир шуда буд, буд, ба хабарнигорон гуфт, ки ӯро дар ҳуҷраи инфиродии маҳбаси низомии шаҳри Севастопол нигаҳ медоштанд ва чанд бор аз ӯ хостанд, ки ба тарафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия гузарад. Ба гуфтаи Мамчур, ӯ ва дигар афсарони украинӣ мавриди фишори равонӣ қарор доштанд.

Беш аз шаш ҳазор низомиёни украинӣ ва аҳли хонаводаҳои онҳо баъд аз амри раисиҷумҳури муваққат Александр Турчинов хостори тарки қаламрави Қрим шуданд.
XS
SM
MD
LG