Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ аз Покистон хостори раҳоии марзбонҳои эронӣ шуд


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи панҷшанбе, 27 март, аз нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф хост, ки барои раҳоии чаҳор марзбони эронии аз сӯи гурӯҳи “Ҷайш-ал-Адл” рабудашуда аз “гомҳои ҷиддӣ” кор бигирад.

Исломобод куштори як марзбони эронӣ ва рабуда шудани чаҳор нафари онҳоро шадидан маҳкум кард. Вазорати умури хориҷии Покистон дар изҳорот ба хонаводаи марзбони шаҳид изҳори ҳамдардӣ карда афзудааст, ки “Исломобод ба робитаҳои бародарона бо Эрон арҷ мегузорад”.

Дар изҳорот гуфта шудааст, Покистон барои пайдо кардани марзбонҳои эронӣ, ки шаш ҳафта пеш дар вилояти Сиистон-Балуҷистони Эрон рабуда шудаанд, ҳама талошҳоро ба харҷ медиҳад, аммо то ҳол мақомоти тафтишотӣ дар бораи ҳузури онҳо дар қаламрави Покистон иттилое зери даст надоранд.

Аз ин пештар бархе хабаргузориҳои навишта буданд, ки марзбонҳои рабудашудаи эронӣ дар хоки Покистон нигаҳ дошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG