Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байнулмилал: Теъдоди эъдом дар олам афзоиш ёфтааст


Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар Amnesty International ё Афви Байнулмилал дар гузориши солонаи худ, ки рӯзи панҷшанбе, 27 март, нашр шуд, ба 15 дар сад афзоиш ёфтани теъдоди ҳукми эъдом дар ҷаҳон назар ба як соли пеш ишора кардааст.

Коршиносони созмон афзоиши ҳукми қатлро бо сиёсати ҳукуматҳои Ироқ ва Эрон марбут кардаанд. Ба гузориш омори ҳукми эъдом дар Чин ворид нашудааст, зеро Пекин ин оморро сирри давлатӣ мехонад. Бар пояи арзёбии Amnesty International, Чин “ҷаллод”-и асосӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад – солона дар он ҷо назар ба ҳама кишварҳои олам бештар зиндониён ба қатл мерасанд.

Соли 2013 дар Эрон 369 ва дар Ироқ – 169 ҳукми эъдом иҷро шуд, ки бештари онҳо аз рӯи банди мубориза бо терроризм буданд. Дар Арабистони саудӣ 79 зиндонӣ ба қатл расид, ки се нафарашон наврас буданд. Дар ИМА 39 ҳукми эъдом иҷро шуд, ки назар ба соли 2012 камтар аст. Тақрибан нисфи ҳукмҳои эъдом дар аёлати Техас содир шудаанд. Айни ҳол дар 18 аёлати Амрико ҳукми эъдом аз байн бурда шудааст.

Amnesty International менависад, ҳарчанд теъдоди қатл дар олам дар соли 2013 афзоиш ёфтааст, аммо теъдоди кишварҳое, ки аз ин навъи муҷозот кор мегиранд, коҳиш меёбад. Айни ҳол ҳукми эъдом ҳукми эъдом фақат дар қавонини 22 кишвар боқӣ мондааст, 20 сол пеш бошад ҳукми эъдом дар 37 давлат роиҷ буд.
XS
SM
MD
LG