Пайвандҳои дастрасӣ

Обама гуфт, Русия "танҳо мондааст"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар сафараш ба Брюссел рӯзи 26-уми март гуфт, амалкардҳои Русия дар Украина танҳо масъалаи як кишвар нест. Дар як нишасти муштараки хабарӣ бо Ҳерман Ван Ромпуи, раиси Иттиҳодияи Аврупо ва Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо Барак Обама ба робитаҳои қавии Амрикову Аврупо таъкид кард ва афзуд, ин робитаҳо пас аз рафтори Русия дар нимҷазираи Қрим мустаҳкамтар шудааст. Ба гуфтаи Барак Обама, агар ҳар касе дар раҳбарияти Русия фикр карда бошад, ки ба амалкардҳои онҳо дар Украина касе эътибор намедиҳад ва ё бо метавонанд, байни Аврупову Амрико рахна эҷод кунанд, хато кардааст. Барак Обама афзуд, агар Русия ба ҳамин рафтораш идома бидиҳад, алайҳи он кишвар таҳримоти бештар эъмол мешавад. Ба гуфтаи Барак Обама, Русия “ҳоло танҳо мондааст.”
XS
SM
MD
LG