Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пораҳои дигари ҳавопайморо мушоҳида кардаанд


Мақомоти Малайзия мегӯянд, дар аксҳои нави моҳвораӣ аз Уқёнуси Ҳинд 122 ашёеро мушоҳида кардаанд, ки шояд пораҳои ҳавопаймои нопадидшудаи он кишвар аст. Ҳишомуддин Ҳусейн, вазири муваққати нақлиёти Малайзия, рӯзи 26-уми март гуфт, тамоми ашёву шикастапораҳо дар маҳдудаи 400 километрӣ мушоҳида шудааст. Ҳавопаймои Боинг 777 аз ширкати Малайзия Эйрлайнз бо 239 сарнишин рӯзи ҳаштуми март аз Куала Лумпур бархост ва баъди як соат парвоз ба самти Пекин ба таври асроромез ғайб зад. Ҷустуҷӯи пораҳои ҳавопайморо рӯзи чаҳоршанбе 26-уми март 12 ҳавопаймо ва ду киштӣ аз Амрикову Чину Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Австралияву Зеландияи Нав дар 2500 километрӣ дуртар аз шаҳри Перфи Австралия дар Уқёнуси Ҳинд идома доданд.
XS
SM
MD
LG