Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи таъсисоти низомии Қрим аз Русия шуд


Генерал Валерий Герасимов, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, дар болои тамоми 193 воҳидҳои низомӣ ва дигар таъсисоти низомии Қрим парчамҳои Русияро барафрохтаанд. Як рӯз пештар аз ин нерӯҳои русиягаро дар Қрим охирин киштии ҷангиро аз дасти нерӯҳои Украина дар ин нимҷазира гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти худхондаи Қрим, баъди ба қаламрави Русия ҳамроҳ шудани ин нимҷазираи Украина бештар аз 15 ҳазор сарбози украинӣ барои пайвастан ба нерӯҳои интизомии Русия ариза додаанд. Аммо якуним ҳазор сарбози дигари Украина барои бозгашт ба ватанашон омодагӣ мегиранд ва ба гуфтаи генерал Валерий Герасимов, мумкин аст, ба зудӣ аз тариқи роҳи оҳан ба ватанашон бозгарданд.
XS
SM
MD
LG