Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди кайҳоннавардон ба ISS ба таъхир афтод


Оҷонси кайҳоншиносии Амрико мегӯяд, нуқси муҳаррик дар фазонаварди “Союз” вуруди се кайҳоннавард ба Истгоҳи байналмилалии кайҳониро (ISS) то рӯзи панҷшанбе ба таъхир андохтааст. Фазонаварди ”Союз” бо Александр Скортсов, Олег Артёмов кайҳоннавардони рус ва Стив Свансон ҳамтои амрикоии онҳо субҳи чаҳоршанбе аз пойгоҳи Байконур дар Қазоқистон партоб шуд ва бояд чаҳор маротиба дар мадори Замин давр зада ва дар шаш соат ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ мерасид. Аммо Оҷонси кайҳоншиносии Амрико гуфт, ки ба иллати дуруст насӯхтани сӯхти муҳаррик, раҳнамоии фазонавард мушкил шудааст ва аз ин рӯ кайҳоннавардон рӯзи панҷшанбе ба истгоҳи байналмилалӣ мерасанд. Акнун “Союз” маҷбур аст, ба ҷойи шаш дафъа, 34 бор дар мадори Замин давр бизанад. Ба гуфтаи НАСА, ҷони кайҳоннавардон дар хатар нест ва худашон ҳам рӯҳияи баланд доранд.
XS
SM
MD
LG