Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолон конфронсро вайрон карданд


Гурӯҳе аз фаъолони зистмуҳитӣ конфронси байналмиллалии конканҳоро дар Ереван вайрон карданд. Онҳо рӯзи сешанбе дар меҳмонсарое ба толори конфронс ворид шуданд. Дар толор мақомоти расмии Арманистон ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин коршиносон нишаста буданд, то масъалаҳои марбут ба амният дар бахши конканӣ ё маъдангариро баррасӣ намоянд.

Фаъолони зистмуҳитӣ дар даст шиорҳо доштанд, ки рӯи онҳо навишта шуда буд: “Арманистон дастонатро боло бардор!”, “Кони шумо моро мекушад”.

Онҳо ҳамчунин аз рӯдхонаи Ҷехии вилояти Сиюник об оварда буданд ва ба ширкаткунандагон конфронс доданд, ки онро бинушанд. Оби ин рӯдхонаро конҳои маъдан олуда кардаанд.

Дар ин конфронс намояндагони ҳукумати Арманистон, раиси дафҳтари Бонки Ҷаҳонӣ ар ин кишвар, сафирони Амрикову Британия дар Арманистон ширкат доштанд. Баъд аз чунин кор конфронс кори худро муваққатан боздошт.
XS
SM
MD
LG