Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони Қрим ба амнияти Аврупо таҳдид мекунад


Амрико Русияро барои риоят накардани уҳдадориҳои худ бар асоси Ёддошти тафоҳуми соли 1994-и Будапешт муттаҳам кардааст, ки Қримро аз Украина ҷудо ва ба итоати худ даровардааст.

Дар як эъломияи муштарак, ки рӯзи сешанбе дар мулоқоти амнияти ҳастаӣ дар Ҳейги Ҳолланд ба нашр расид, Амрико ва Украина гуфтаанд, ки онҳо “забти ғайриқонунии Қрим тавассути Русияро” эътироф нахоҳанд кард.

Кохи Сафед мегӯяд, рафтори Русия дар Қрим “сохтори амни байналмиллалиро ба хатар рӯ ба рӯ ва ба сулҳу суботи Аврупо таҳдид мекунад”.

Дар ин эъломия ҳамчунин аз тасмими соли 1994 Украина дар мавриди аз байн бурдани аслиҳаи ҳастаии худ ва пайвастан ба Аҳдномаи адами густариши аслиҳаи ҳастаӣ ба уновни кишварҳои холӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ арзиш қоил шудаанд.
XS
SM
MD
LG