Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори хадамоти Чувашия 2,5 сол маҳкум шуд


Бино ба хабари матбуоти Русия, рӯзи сешанбе додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Чебоксар Леонид Дружинин-сардори пешини раёсати Хадамоти муҳоҷирати Чувашияро 2,5 сол маҳкум ба зиндон кард. Вай барои ришвахорӣ ва суистифода аз мақоми худ муттаҳам дониста шуд. Илова бар ин вай 438 ҳазор рубли русӣ ҷарима пардохт хоҳад кард.

Дружинин барои он муттаҳам дониста шудааст, ки аз моҳи июн то моҳи октябри соли 2012 шаҳрванди Тоҷикистонро дар сохтмонҳои боғи назди ҳавлиаш дар Чебоксарӣ кор фармудааст. Ин яке аз иттиҳомотест, ки ба Дружинин иртибот додаанд.
Вай ҳамчунин аз нируи кории муҳоҷирон бидуни иҷозаи кор истифода кардааст.
XS
SM
MD
LG