Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталабон ба дафтари кумиссиюн ҳамла кардаанд


Гузоришҳои расида аз Кобул ҳокист, ки тундравҳо ба дафтари кумиссиюни интихоботӣ ҳамлаи маргталабона анҷом додаанд. Дафтари ин кумиссиюн дар наздикии хонаи Ашраф Ғанӣ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҷойгир аст.

Саид Гулоқо Ҳошимӣ-корманди пулис гуфтааст, ки ин ҳамларо ду маргталаб анҷом додаанд. Яке аз онҳо мошини бамгузоришуда ва дигарӣ камарбанди худро таркондааст. Пулис нафари севвумро ҷустуҷӯ мекунад. Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш дода намешавад.

Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар душ гирифтаанд. Ашраф Ғанӣ-корманди пешини бонк ва вазири пешини молӣ дар ҷараёни ин ҳамла дар хона набудааст.

Дар ҳамлаи дигар се маргталаб ба бахши Кобулбонк дар вилояти Кунар ворид шудаанд ва се корманди амниятии бонкро куштаанд.
XS
SM
MD
LG