Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари бахши ростгароён кушта шуд


Матбуот гузориш медиҳад, ки Олександр Музичко-раҳбари миллатгароёни рости Украина шаби гузашта дар ғарби ин кишвар дар шаҳри Ривне кушта шудааст. Олександр Доний-намояндаи порламони Украина дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст, ки Музичкоро афроди мусаллаҳ дар ду мошин рабудаанд ва баъдтар бо завлона дар даст ва бо зарби тир дар сандуқи сина вайро аз мошин берун андохтаанд.

Дар аввали моҳи ҷорӣ барои боздошти Музичко ҳукм содир шуда буд ва вайро Русия ҷустуҷӯ мекард. Гӯё вай барои куштори 20 нафар низомиёни рус дар ҷангҳои зидди тундравҳои чечен дар солҳои 1994-1995 гумонбар дониста мешуд.
XS
SM
MD
LG