Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ дар хонаи номзади раиси ҷумҳур


Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ

Бино ба гузоришҳори расида аз Афғонистон, дар манзили Ашраф Ғанӣ-номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар Кобул садои таркиш ва тирандозӣ шунида шудааст. Ашраф Ғанӣ дар хона набудааст.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли кормандони пулис навиштааст, ки 4 нафар ба хонаи Ашраф Ғанӣ ворид шудаанд ва баъд аз он садои таркишу тирандозӣ шунида шудааст. Наворбардори Ройтерз гуфтааст, ки тирандозӣ давомдор будааст. Дар бораи талафот хабар дода намешавд.

Ғанӣ корманди пешини бонк ва вазири пешни молист, ки Абдулрашид Дустум-ҷангсолори қавии узбакро муовини худ баргузидааст.

Баъд аз ин тирандозиҳо дар сафҳаи твиттери худ Ғанӣ навиштааст, ки вай вориди Гардез шудааст ва маъракаи интихоботии худро идома медиҳад. Толибон эълон кардаанд, ки бо роҳандозии хушунатҳо интихоботи 5 апрели раёсати ҷумҳуриро ба ҳам мезананд.
XS
SM
MD
LG