Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқот бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз


Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти идона оид ба намудҳои мухталифи варзиш баргузор мешавад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт, “Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи манотиқи кишвар мусобиқот аз рӯи намудҳои миллӣ ва риштаҳои маъмули варзиш, монанди шоҳмоту шашка, волейбол, футбол, тенниси рӯи миз ва ғайра баргузор мешавад. Чунончи, рӯзҳои 21-ум ва 22-юми март дар Душанде, дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи гуштии юнониву румӣ барпо гардид. Рӯзи 23-юми март дар ноҳияи Данғара мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ таҳти сарпарастии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ширкати беҳтарин паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи кишвар ба нақша гирифта шуда буд. Вале ба иллати борони шадид ин мусобиқа ба рӯзи шанбеи 29-уми март гузаронида шуд. Ғолибони мусобиқа дар нӯҳ вазн бо тӯҳфаҳои арзишманд мукофотонида мешаванд. Ба ҷуз ин ғолибони ду гурӯҳ – то вазни 75 кг ва аз он боло бо ҷоизаҳои олии раиси ҷумҳури Тоҷикистон - мошинҳои сабукрав - сарфароз мегарданд. Чунин мусобиқаи паҳлавонӣ рӯзи 26-уми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгирии сарпарастон сурат мегирад. Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар шаҳру навоҳии тобеи марказ мусобиқаи гуштии миллӣ доир мешавад. “

Ба иттилои Раҳматшо Камолов рӯзи 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013, барпо мегардад. Дар ин бозӣ Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Иттиҳодияи байналмилалии футбол), ширкат меварзад. Инчунин дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар рӯзи 26-уми март чорабиниҳо бахшида ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон бо ҳузури раҳбари ФИФА доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG