Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Малайзия суқути Боинг-777-ро тайид кард


Нишасти хабарии Наҷиб Раззоқ

Нишасти хабарии Наҷиб Раззоқ

Наҷиб Раззоқ,нахуствазири Малайзия, рӯзи душанбе, 24 март, ба хонаводаҳои мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймои нопадидшудани Боинг-777 хабар дод, ки он дар ҷануби Уқёнуси Ҳинд суқут кардааст. Ҳамаи мусофирону сарнишинҳо ба ҳалокат расидаанд.

Боинг-777 бо 239 мусофир шоми рӯзи 7 март баъд аз ду соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Куала-Лумпур аз экранҳои радарҳо нопадид шуд. Ҳавопаймо бояд субҳи рӯзи дигар дар фурудгоҳи шаҳри Пекин фуруд меомад.

Ба итилои ширкати ҳавопаймоии Малайзия, миёни мусофирон аз 14 кишвари олам аз ҳама бештар -151 нафар чиноиҳо ва боқимода шаҳрвандони кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ буданд.

То ҳол ягон нишонае аз ҳавопаймои нопадидшуда дастрас нашудааст. Аммо ахиран дар Уқёнуси Ҳинд шикастпораҳое ошкор шуданд, ки гуфта мешавад ба Боинг-777 тааллуқ доранд.
XS
SM
MD
LG