Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми 529 ҷонибдори Муҳаммад Мурсӣ


Додгоҳи шаҳри Ал-Миниёи Миср рӯзи душанбе, 24 март, 529 тан аз ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсиро маҳкум ба эъдом кард. Онҳо дар ҳамлаҳо ба кормандони полис ва куштори як корманди нерӯҳои амниятӣ айбдор шуданд. Вакилони дифои маҳкумшудаҳо шикоят карданд, ки имкони мудофиа аз афроди таҳти ҳимояташонро надоштанд.

Дар робита ба қазияи куштори як корманд ва қасди ҷони ду афсари полис, ҳамлаҳо ба қароргоҳҳои мақомоти ҳифзи тартибот ва дигар амалҳои хушунатбор 545 нафар ба додгоҳ кашида шуданд. Додгоҳ 16 нафарро сафед кард, ба бештари муҷримон дар ғайбашон ҳукми қатл эълон шуд.

Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ баъд аз эътирозҳои густурдаи мардумӣ моҳи июли соли гузашта аз сӯи низомиёни кишвар аз мақомаш барканор шуд. Аз ҳамон вақт дар Миср намоишҳои пуштибонӣ аз Мурсӣ идома доранд. Бар асари бенизомиҳо, бархӯрди ҷонибдорону мухолифони сарвари пешини кишвар ва саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ садҳо нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG