Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як задухӯрд бародарзодаи Башор Асад кушта шуд


Дар задухӯрдҳо бо гурӯҳҳои исломгаро дар наздикиҳои марзи Туркия бародарзодаи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад кушта шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё мустақаранд, рӯзи душанбе, 24 март гуфтанд, Ҳилол Асад ва ҳафт узви дигари гурӯҳи мусаллаҳи пуштибон аз ҳукумат рӯзи якшанбе дар набард бо “Ҷабҳаи Ан-Нусра” ва дигар гурӯҳҳои исломгаро ба ҳалокат расиданд.

Хабари ҳалокати яке аз пайвандони сарвари давлатро телевизиони давлатии Сурия ҳам тайид кард.

Ҳилол Асад фармондеҳи нерӯҳои мудофиаи миллии Сурия дар вилояти Лозиқия буд. Ин нерӯҳо ба хотири пуштибонӣ аз артиши Сурия дар ҷанг бо мухолифини мусаллаҳи режими Башор Асад ташкил шудаанд.

Низоъи хунбори дохилӣ дар Сурия се сол боз идома меёбад.
XS
SM
MD
LG