Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия як ҳавопаймои ҷангии Сурияро маҳв кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, гуфт, ки артиши кишвараш як ҳавопаймои ҷангии Сурияро, ки ба қаламрави ҳавоии Туркия ворид шуд, нобуд кард. Ӯ рӯзи якшанбе ба ҳукумати Сурия ҳушдор дод, ки барои нақзи қаламрави ҳавоии Туркия посухи сахте мегирад. Давлати Сурия таъйид кард, як ҳавопаймои ҷангиаш, ки шӯришиёнро дар наздикии марз таъқиб дошт, сарнагун карда шудааст ва ин кори Туркияро “таҷовузи ошкор” хонд. Ба гуфтаи мухолифони давлати Сурия, ҳавопаймо дар наздикии гузаргоҳе дар марз бо Туркия парвоз мекард, ки рӯзи ҷумъа онро шӯришиён ишғол карданд. Дар ин минтақаи наздик ба шаҳри Қасаб дар вилояти Лозиқияи Туркия ҷанги шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён идома доштааст.
XS
SM
MD
LG