Пайвандҳои дастрасӣ

Русия як фармондеҳи украиниро "рабудааст"


Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, нерӯҳои Русия, Юлий Мамчур, яке аз фармондеҳи олирутбаи нерӯҳои ҳавоии кишварашро «рабуда» ва ҳоло дар Қрим нигаҳ медоранд. Олександр Турчинов аз Русия хост, билофосила фармондеҳи украиниро раҳо кунад, ки ӯро баъди ишғоли пойгоҳи ҳавоии Белбек дар наздикии шаҳри Севастопол дастгир карданд. Рӯзи шанбе нерӯҳои Русия бо талаби таслим шудан бо зиреҳпӯшҳо ба пойгоҳи Белбек ҳамла бурданд, вале нерӯҳои украинӣ ба онҳо муқовимат карданд, ки дар натиҷа як сарбози украинӣ маҷрӯҳ шуд. Вазорати дифоъи Русия рӯзи якшанбе гуфт, ки дар болои 189 таъсисоти низомии нимҷазираи Қрим, парчамҳои Русияро барафрохтаанд. Айни корро низ бо нови сарфармондеҳии Славутич кардаанд, ки рӯзи шанбе нерӯҳои Русия онро дар шаҳри Севастопол аз нерӯҳои Украина гирифтанд.
XS
SM
MD
LG