Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози нашрияҳои Ироқ аз қатли хабарнигори Озодӣ


Даҳҳо рӯзномаи ироқӣ ба нишони эътироз аз қатли хабарнигори шинохтаи Радиои Озодӣ дар кишварашон рӯзи якшанбе нашр нашуданд. Муҳаммад Бадавӣ Убайд Ал-Шаммориро ба гуфтаи шоҳидон як афсари нерӯҳои пешмарга ва горди раёсати ҷумҳурии Ироқ кушт. Баъди ин Иттиҳодияи Хабарнигорони Ироқ, қатли Муҳаммад Убайд, мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Бағдодро “ҷинояти нафратангез” хонд ва гуфт, ки ба нишони эътироз рӯзномаҳоро як рӯз чоп намекунанд. Муҳаммад Ал-Шамморӣ рӯзи шанбе дар назди дарвозаи қароргоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар маҳаллаи Ҷадрияи Бағдод бо зарби тири туфанг кушта шуд. Дар ин маҳал ҳамчунин дафтари Радиои Ироқи Озод ва дигар идораҳои хусусиву давлатӣ ҷойгир шудаанд. Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи шанбе ба маҳалли ҳодиса рафт ва дастур дод, ки фарди муттаҳам ба ҷиноятро боздошт кунанд. Телевизиони давлатии Ироқ ӯро дар боздоштгоҳ нишон дод. Дафтари раиси ҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ, қатли хабарнигорро “амали ҷиноӣ” номид.
XS
SM
MD
LG