Пайвандҳои дастрасӣ

Умеди пайдо кардани осори ҳавопаймо бештар шудааст


Тонни Аббот, нахуствазири Австралия, рӯзи якшанбе гуфт, умед барои пайдо кардани нишонаҳо аз ҳавопаймои нопадидшудаи Малайзия ҳарчӣ бештар мешавад. Ӯ дар ин бора баъд аз оз сӯҳбат кард, ки аксҳои моҳвораӣ аз Чин осореро дар як бахши дурафтодаи Уқёнуси Ҳинд нишон дод, ки зоҳиран пораҳои ҳавопаймо аст. Ҳафтаи саввум аст, ки ҷустуҷӯи ҳавопаймои мусофирбари Боинг 777 аз ширкати Малайзия Эйрлайнз идома дорад. Ин ҳавопаймоймо бо 239 сарнишинаш рӯзи 8-уми март аз шаҳри Куала Лумпур бархост ва баъди як соат парвоз ба самти Пекин ба таври асроромез нопадид шуд. Ҷустуҷӯи киштӣ рӯзи якшанбе дар 2500 километрии шаҳри Перфи Австралия ва дар Уқёнуси Ором аз сар гирифта шуд, ки маҳз дар ҳаминҷо мутахассисони чинӣ шикастапораҳоро мушоҳида карданд. Як тахта ҳам дар ин ҷо дида шудааст.
XS
SM
MD
LG