Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба тоҷикҳо ҳаққи муҷаввизи сесолаи кор медиҳад


Думаи давлатии Русия тавофуқоти миёни Тоҷикистону Русияро, ки ба шаҳрвандони тоҷик ҳаққи гирифтани муҷаввизи кор дар Русия ба муддати то муддати 3 солро медиҳад, тасвиб кардааст. Тағйирот бо чунин мазмун ба созишномаи ду кишвар дар масъалаи ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 29 октябри соли 2013 дар Маскав имзо шуда буд. Ин имтиёз аз ҷумлаи гузаштҳоест, ки Русия дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомиии 201-умаш дар Тоҷикистон ваъда карда буд. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG