Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Русиягаро ба пойгоҳҳои Қрим ҳамла карданд


Нерӯҳои Русиягаро ду пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Украинаро дар Қрим ишғол кардаанд. Як мошини зиреҳпӯш аввал дари пойгоҳи Белбек, дар наздикии шаҳри Севастополро шикаста ва аз паси он мошини ёрии таъҷилӣ босуръат вориди пойгоҳ шудааст. Камераи назоратӣ дар назди дарвоза нишон медод, ки чӣ гуна афроде бо либоси ғайринизомӣ вориди пойгоҳ шуданд, вале баъди чанде пеши камера торик шуд. Бино ба гузоришҳо, дар маҳалли ҳодиса садои таркишу тирандозӣ шунида шудааст. Аз ин пеш нерӯҳои Русия аз сарбозони пойгоҳи ҳавоии Белбек хостанд, ки пойгоҳро таслим кунанд. Дар ғарби Қрим ҳудуди 200 афроди ғайримусаллаҳ ба пойгоҳи ҳавоии шаҳри Новофёдоровка ҳамла карданд. Сарбозони украинӣ дар қароргоҳҳояшон камин гирифта ва алайҳи онҳо аз бомбҳои дудӣ истифода бурданд Дар шарқи Украина дар шаҳри Донетск, ҳудуди 5 ҳазор нафар бо тарафдорӣ аз Русия раҳпаймоӣ карда ва шиор медоданд, ки дар онҷо ҳам барои пайвастан ба Русия раъйпурсӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG