Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳургарон ба пойгоҳе дар Қрим ҳамла карданд


Гурӯҳе аз тазоҳургарони Русиягаро ба пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Украина дар ғарби Қрим ҳамла кардаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 200 нафари ғайримусаллаҳ ба ин пойгоҳ дар шаҳри Новофёдоровка ворид шуда ва ба шикастани тирезаҳои биноҳои пойгоҳ шурӯъ кардаанд. Сарбозони украинӣ дар қароргоҳҳояшон камин гирифта ва алайҳи онҳо аз бомбҳои дудӣ истифода бурданд. Дар шаҳри Белбек, дар наздикии Симферопол, нерӯҳои Русия як пойгоҳи дигари ҳавоии Украинаро муҳосира карда ва аз сарбозонаш хостаанд, ки таслим шаванд. Олег Подовалов, муовини фармондеҳи пойгоҳ гуфт, нерӯҳои Русия ба мо як соат вақт доданд, ки таслим шавем, дар акси ҳол бо зӯр пойгоҳро мегиранд. Дигар ин ки, нерӯҳои баҳрии Русия “Запорожйе”, ягона киштии зериобии низомии Украинаро гирифтаанд. Дар шарқи Украина дар шаҳри Донетск, ҳудуди 5 ҳазор нафар бо тарафдорӣ аз Русия раҳпаймоӣ карда ва шиор медоданд, ки дар онҷо ҳам барои пайвастан ба Русия раъйпурсӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG