Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин пораҳои ҳавопаймои бенишоншударо ёфтааст?


Мақомоти Чин аксҳои нави моҳвораии пораҳоеро таҳқиқ мекунанд, ки мумкин аст, аз ҳавопаймои нопадидшудаи ширкати Малайзия Эйрлайнз бошанд. Дар ин бора Ҳишомуддин Ҳуссейн, вазири муваққати нақлиёти Малайзия, рӯзи шанбе дар шаҳри Куала Лумпур хабар дод. Ӯ афзуд, ки мақомоти Чин то чанд соати дигар иттилооти навро ироа мекунанд. Рӯзи саввум аст, ки ҳавопаймову киштиҳо аз чанд кишвар ҷустуҷӯи ин ҳавопайморо дар яке аз гӯшаҳои дурафтодаи Уқёнуси Ҳинд идома медиҳанд. Аз ин пеш Австралия гуфт, дар аксҳои моҳвораӣ дар ҳамин минтақа, ки 2500 километр дур аз он кишвар воқеъ шудааст, шикастапораҳоеро мушоҳида кардаанд, ки эҳтимолан боқимондаҳои ҳавопаймои Боинг 737 бошад. Чин мегӯяд, шикастпапораҳоро дар наздикиҳои ҳамин минтақа мушоҳида кардаанд. Ҳавопаймои Боинг бо 239 сарнишин, рӯзи 8 март аз Куала Лумпур бархост ва баъди як соати парвозаш ба самти Пекин ба таври асроромез нопадид шуд.
XS
SM
MD
LG