Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилиро ба додситонӣ даъват карданд


Додситонии Гурҷистон аз Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури собиқ, хостааст, барои бозпурсӣ дар бораи чанд парвандаи ҷиноӣ ба додситонӣ ҳозир шавад. Додситонии кулли Гурҷистон рӯзи шанбе бо нашри баёнияе гуфт, Михаил Саакашвили бояд рӯзи панҷшанбеи оянда ба ҳайси шоҳид дар робита ба 10 парванда ва аз ҷумла таҳқиқи марги Зураб Жвания, нахуствазири собиқ ва яке аз муттаҳидони наздики худи Саакашвилӣ бозпурсӣ шавад. Раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон ҳоло дар кишвараш нест ва баъди хотимаи раёсати ҷумҳуриаш дар охири моҳи ноябр дар донишгоҳе дар Амрико дарс мегӯяд. Баъди ба қудрат расидани Бидзина Иванишвили, миллиардери гурҷӣ ва рақиби Саакашвили дар соли 2012, алайҳи даҳҳо нафар аз атрофиёни раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом парванда боз карданд.
XS
SM
MD
LG