Пайвандҳои дастрасӣ

Дар амалиёте 4 фаластинӣ кушта шуданд


Маъмурони амниятии Исроил дар амалиёти дар ӯрдугоҳи паноҳандагони Ҷенин дар Канораи Ғарб чаҳор фаластиниро куштаанд. Артиши Исроил гуфт, ҳадафи ин амалиёт дар шаби гузашта боздошти як ифротгарои исломӣ аз созмони Ҳамос буд, ки алайҳи Исроил ҳамла тарҳрезӣ мекард. Ба гуфтаи артиш, ин фард дар хонааш камин гирифта, ду сарбози исроилиро маҷрӯҳ кардааст ва сипас кушта шудааст. Ба гуфтаи манобеъи фаластинӣ, се фаластинии дигар ҳангоми тазоҳурот ва муқобила бо нерӯҳои амниятии Исроил кушта шуданд. Музокироти сулҳи Исроилу Фаластиниён, ки соли гузашта бо миёнҷигарии Амрико аз сар гирифта шуд, то кунун пешрафти андаке доштааст. Ҳадафи ниҳоии музокирот, таъсиси кишвари мустақили Фаластин дар канори Исроил аст.
XS
SM
MD
LG