Пайвандҳои дастрасӣ

Австралия аз ҳавопаймо нишонае пайдо накардааст


Рӯзи саввум аст, ҷустуҷӯи ҳавопаймои Малайзия Эйрлайнз дар як бахши дурафтодаи Уқёнуси Ором идома дорад, ки ду ҳафта пеш нопадид шуд. Давлати Австралия қавл додааст, ки тамоми талошро мекунад, то муаммои ҳавопайпаймои бенишоншударо боз кунад, аммо ҷустӯҷуи маъмурони имдодиаш дар қаламравҳои обии 2500 километр дур аз шаҳри Перфи кишвар ҳеҷ натиҷае надодаанд. Аввали ин ҳафта мақомоти Австралия гуфтанд, ки дар ин минтақа дар асҳои моҳвораӣ зоҳиран пораҳои ҳавопаймои Боинг 777-ро мушоҳида карданд, ки рӯзи 8 март бо 239 мусофираш ба таври асроромез нопадид шуд. Воррен Трасс, нахуствазири муваққати Австралия рӯз шанбе ба хабарнигорон гуфт, ки “то кунун ҳеҷ нишонаеро” аз ҳавопаймо наёфтаанд.
XS
SM
MD
LG