Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамае дар Покистон ҷони 35 нафарро гирифт


Дар садамаи нақлиётие дар Покистон 35 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Фалокат дар минтақаи Ҳаб дар вилояти Балуҷистон ба вуқӯъ пайваст. Ронандаи мошини маводи сӯхт, зимни ҳаракат ба самти муқобил баромада ва ба се автобуси мусофирбар бархӯрдааст. Ба гуфтаи пулиси Покистон, 25 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 10 тани дигар дар роҳ ба бемористон ҷон додаанд. Файсал Идҳӣ, як табиб дар ин минтақа, ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки баъзе аз ҷасадҳо ба ҳадди ношинохтанӣ сӯхтаанд. Ба иллати роҳҳои хароб ва ронандагии бад дар Покистон солона ҳазорон нафар кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG