Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҳримоти Аврупоро танқид кард


Вазорати умури хориҷии Русия, таҳримоти эъмолкардаи Иттиҳодияи Аврупо алайҳи ин кишварро “ҷудо аз воқеият” номид ва гуфт, Русия ҳақ дорад, ба ин таҳримот аксуламал нишон бидиҳад. Ин вазорат бо нашри баёнияе ҳамчунин гуфт, ки умедвор аст, гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ба Украина фиристодаанд, “дар рафъи бӯҳрони дохилии Украина” ва хотима додан ба “роҳзаниҳои миллатгароён” кӯмак мекунад. Пештар аз ин Иттиҳодияи Аврупо чандин мақоми расмии Русияро аз ҳаққи сафар ба кишварҳои узви иттиҳодия маҳрум кард ва ҳисобҳои бонкии онҳоро баст.
XS
SM
MD
LG