Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони байналмилалиро ба Украина фиристоданд


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо нозиронашро барои таҳқиқи вазъи амниятӣ ба Украина фиристод. Бо вуҷуди мухолифати Русия ба ин кор, қарор дар ин замина рӯзи ҷумъа дар нишасти намояндагони кишварҳои узв дар Венна қабул шуд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, гурӯҳи бештар аз 100 нафарии нозирон тайи 6 моҳи оянда, вазъи амниятӣ дар “саросари Украинаро” таҳқиқ хоҳад кард. Аммо маълум нест, ки нозирон ба Қрим, ки Русия бо вуҷуди мухолифати Ғарб онро ба қаламраваш ҳамроҳ кард, хоҳанд рафт, ё не. Андрей Келин, намояндаи Русия дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, гуфт, нозирон ба нимҷазираи Қрим дастрасӣ нахоҳанд дошт, зеро он “як бахши Русия аст.” Вале Даниел Баер, намояндаи Амрико дар созмон гуфт, ки “Қрим ҳам Украина аст ва нозирон бояд ба онҷо бираванд.” Дар марҳилаи аввал нозирони байналмилалиро ба нӯҳ минтақа, аз ҷумла шаҳри Донетск, бузургтарин шаҳри руснишин дар шарқи Украина мефиристанд.
XS
SM
MD
LG