Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманеӣ гуфт, қудратҳои хориҷӣ заифҳоро зери по мекунанд


Раҳбари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманеӣ рӯзи ҷумъа бо даъвати истиқлолияти иқтисодӣ гуфт, танҳо миллати тавонманд метавонад аз зулми нирӯҳои хориҷӣ эмин бошад. Хоманеӣ зимни суханронии Наврӯзӣ дар Машаҳад гуфт, "Боҷситонҳо дар ҷаҳон давлатҳои заифро шантаж мекунанд, таҳқир мекунанд, ба онҳо ҳуҷум мекунанд ва зери по мекунанд." Эрон дар заминаи барномаҳои ҳастаии худ бо фишору таҳримоти байналмтилалӣ сар ба сар шудааст. Дар музокироти авохири соли гузашта (24 ноябр) Эрон розӣ шуд, ки ба ивази нармиши таҳримоти байналмилалӣ лаҷоми барномаҳои ҳаставияшро бикашад. Музокирот барои расидан ба созиши ниҳоӣ ҷараён дорад. Аммо Хоманеӣ гуфт Эрон набояд ба ин умед бубандад, ки "кай душман таҳримотро лағв мекунад."
XS
SM
MD
LG