Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Ироқ бо таркишу даргириҳо фаро расид


Таркиши бомбаҳо ва оташкушоӣ дастикам 16 нафарро дар саросари Ироқ кушта бар ҷой гузошт. Мусаллаҳони Исломӣ дар пайи як ҳуҷум деҳкадаеро дар шимоли ин кишвар ғасб карданд. Афроди мусаллаҳ, сапедадам ҳамлаеро ба деҳкадаи Сарҳа анҷом доданд ва бо мунфаҷир кардани як мошин ду ходими пулисро куштанд. Даргирӣ дар ин минтақа, ки дар 200 километрии шимоли Бағдод ҷойгир шудааст, чанд ҳафта боз ҷараён дорад. Дар ҳодисаи дигар, мошини ҳомили бомба дар ҳоле дар минтақаи фароғатии Намра Таманиаи Киркук таркид, ки мардум Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Бар асари ин таркиш як нафар кушта ва 11 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ҳуҷуми дигар ба идораи пулиси Инҷон, воқеъ дар 120 километрии Бағдод 8 ходими пулис қурбон шуд. Ҷангҳои фирқаӣ дар Ироқ, чанд ҳафта пеш аз баргузории интихоботи порлумонии 30- уми апрел шиддат гирифтанд. Аз соли 2008 ба ин тараф хушунатҳои байни Шиаву Суннӣ дар Ироқ теъдоди назаррасро қурбон кардааст.
XS
SM
MD
LG