Пайвандҳои дастрасӣ

Ба думболи таҳдиди нахуствазири Туркия Раҷаб Тайеб Эрдуғон, ки гуфт шабакаҳои иҷтимоиро дар кишвар нест мекунад, рӯзи ҷумъа дастрасӣ ба Твиттер маҳдуд шуд. Аксари корбарони Твиттер ҳангоми талоши ворид шудан ба Твиттер ба навиштаҷоти вазорати мухобироти ин кишвар рӯ ба рӯ шуданд, ки аз қарори додгоҳ ҷиҳати бастани ин саҳифа хабар медод. Сухангӯи Твиттер Ну Вексер гуфтааст, ки ширкати онҳо ин вазъиятро бозҷӯӣ мкунад. Стефан Фюл, рабари бахши густариши Иттиҳоди Аврпуо аз баста шудани Твиттер дар Туркия шадидан гиронӣ карда, муоширати озод ва дастраси ба ин пойгоҳҳоро аз аз арзишҳои муҳими Иттиҳоди Аврпуо хонадааст. Аз замони пахши навори сӯҳбати Эрдуғон бо писараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он аз миллионҳои пинҳонӣ гуфта мешуд, нахуствазир таҳти фишори амиқ ва дар маркази ҷанҷолҳои фасодкорӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG