Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Қримро расман азхуд кард


Палати болоии порлумони Русия, рӯзи ҷумъаи 21 март созишномаи замимаи Русия шудани Қримро тасвиб кард ва ҳамзамон бо ин нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк қарордоди ҳамкории сиёсии кишвараш бо Иттиҳоди Аврпуоро дар Бруссел ба имзо расонд. Бо райъдиҳӣ дар Шӯрои Федератсион Русия раванди азхуд кардани Қримро ба поён расонд. Давлатҳои Ғарбӣ замимаи Русия шудани нимҷазираи Қримро ҳамчун нақзи қонунҳои байналмилалӣ қабул карданд ва Иттиҳоди Аврпуо якҷо бо Ийолоти Муттаҳидаи Амрико таҳримоти нишонгирро алайҳи Русия ҷорӣ намуданд. Иттиҳоди Аврпуо ҳушдор додааст, ки дар сурати ҳар гуна талоши эҷоди нооромӣ, алайҳи Русия аз тадобири иловагӣ кор хоҳад гирифт. Қарордоди ҳамкорӣ бо Аврупо, ки нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи ҷумъа имзо кард, ин кишварро бо 28 давлати узви Иттиҳоди Аврпуо наздиктар кард. Маҳз дасткашидани раиси ҷуҳмури собиқи Украина Виктор Янукович аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Аврпуо, ба бӯҳрони феълӣ роҳ кушод.
XS
SM
MD
LG