Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли пешин ба пирӯзӣ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон умед мебандад.

Ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ин ғалаба мутмаинанд, аммо бархе аз таҳлилгарон онро зери шубҳа мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, сиёсати мушкили қавмии Афғонистон тақозо дорад, ки доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 5 апрел беш аз 50 дар сади раъйҳоро ба даст оварад. Миёни довталабони курсии раҳбари ояндаи Афғонистон фақат Абдуллоҳ решаҳои ҳам тоҷикӣ ва ҳам паштунӣ дорад – ҳашт номзади боқмонда мутааллиқ ба қавми паштунанд. Ҳарчанд дар рагҳояш хуни ду мардуми сернуфуси Афғонистон ҷорист, аксари афғонҳо ӯро тоҷик мехонанд, зеро доктор Абдуллоҳ дар Эътилофи Шимоли пешин мақоми баланд дошт ва солҳои тулонӣ дӯсту ҳамсангари фармондеҳи маъруфи тоҷик Аҳмадшоҳ Масъуд буд.

Мартин ван Биҷлерт, ҳамраиси Шабакаи таҳлилии Афғонистон (Тhe Afghanistan Analysts Network), як созмони мустақили таҳқиқотӣ, мегӯяд, ки пирӯзии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ё ягон номзади дигар дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон “натиҷаи аҷибу ғароиб” мебуд.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол се нафар – собиқ вазири умури хориҷӣ доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири молияи пешин Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва вазири умури хориҷии собиқ Залмай Расул, ки зиманан, аз пуштибонии раисиҷумҳури Ҳомид Карзай бархурдор аст, дар сабқати интихоботӣ пешсафанд. Бар пояи назарпурсии ахири афкори умум, дар даври аввали интихобот доктор Абдуллоҳ​метавонад ба дарёфти сеяки раъйҳои интихобокунандагон муваффақ шавад.

Дар сабқат Ашраф Ғанӣ дар хати дуввум ва Залмай Расул дар мақоми саввум аст. Мартин ван Биҷлерт мегӯяд, «ҳар се номзад нерӯманданд ва маълум нест, ки кадоме аз дигараш қавитар бошад. Агар ба теъдоди номзадҳо нигарем, пирӯзӣ дар даври аввал тақрибан номумкин ба чашм мерасад. Ин натиҷаи аҷибу ғароиб мебуд”.

Бар гуфтаи таҳлилгарон, ба доктор Абдуллоҳ тақрибан ҳама тоҷикҳои муқими Афғонистон раъй хоҳанд дод. Аммо баъди аз сӯи Ҳомид Карзай ба мақоми муовини аввали раисиҷумҳур пазируфта шудани Юнус Қонунӣ, дигар аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик, шояд бархе аз мавзеъҳои тоҷикнишин аз Залмай Расул ҳам пуштибонӣ кунанд.

Бар пояи омор, тоҷикҳо 27 дар сади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд, аз ин рӯ доктор Абдуллоҳ ба раъйҳои пуштунҳо умед бастааст. Дар қиёс бо панҷ соли пеш ӯ маъракаи интихоботияшро на дар шимол, балки бештар дар манотиқи хушунатбори ҷануб ва шарқи кишвар, ки он ҷо асосан паштунҳо муқимиянд, роҳандозӣ кардааст. Моҳи гузашта дар ин минтақа чанд тан аз тарғибгаронаш кушта шуданд. Доктор Абдуллоҳ дар маъракаи интихоботӣ ба решаҳои паштунии худ таъкид мекунад ва паштун Муҳаммад Хон, яке аз раҳбарони Ҳизби исломиро, ба ҳайси муовини аввали худ интихоб кардааст.

Аммо Мартин ван Биҷлерт ба муваффақ шудани талошҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ шубҳа дорад, зеро то ҳанӯз афғонҳо ӯро тоҷик мешуморанд. Дигар таҳлилгарон ҳам мегӯяд, фақат дар ҳоле, ки доктор Абдуллоҳ аз пуштибонии раҳбарони аршади қавми паштун бархурдор шавад, вазъ дар интихобот ба нафъи ӯ тағйир хоҳад хӯрд. Дар ин миён сару садоҳое дар бораи имкони ба доктор Абдуллоҳ пайвастани ду довталаби дигари мақоми президентӣ – фармондеҳони паштун Абдулраб Расули Сайёф ва Гул Оғо Шерзай пайдо шуданд. Вале таҳлилгарон ба ташкили ин гуна эътилоф мутмаин нестанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Мартин ван Биҷлерт, номзадҳо ба дигар мушкилиҳо, аз ҷумла, имкони тақаллуби натиҷаҳои раъйдиҳӣ ҳам мувоҷеҳанд. Ҳамчунин маълум нест, чӣ теъдод аз паштунҳо, ки дар манотиқи хушунатбори Афғонистон ба сар мебаранд, пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ хоҳанд омад.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар соли 2009 Абдуллоҳ Абдуллоҳи 53-сола бо дарёфти 31 дар сади раъйҳо мақоми дуввумро гирифт ва он вақт сару садоҳое дар бораи тақаллуби овозҳо ба фоидаи Карзай ва зарурати баргузор кардани даври дуввуми интихоботи президентӣ ба миён омода буданд.

Баъд аз панҷ сол ҷонибдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ боз ҳам аз эҳтимоли такрори он ҳаводис нигаронанд. Яке аз онҳо Аҳмад Валӣ, ки дар мавзеъи асосан тоҷикнишини Хайрхонаи Кобул ба сар мебарад, мегӯяд, “чаҳор соли пеш... тақаллуби бисёр густурда сурат гирифт,тақаллуби бисёр густурда буд аз ҷониби вилоёти ҷанубӣ. Зиёдтарин қуттиҳои пур аз раъй дохили Афғонистон омад ва ҳатто аз Покистон, ки он ҷо ҳаққи раъйдиҳӣ надоштанд”.

Асадуллоҳ, соҳиби як тарабхона дар Тойманӣ, дигар мавзеи тоҷикнишини Кобул, бошад мутмаин аст, ки “райъи мардумӣ аз доктор Абдуллоҳ аст, райъи тақаллубӣ аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аст ва райъе, ки пуштибонии хориҷӣ дорад, аз Залмай Расул”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG