Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба "Серена"-и Кобул дар шаби Наврӯз


Afghanistan - Serena five star Hotel in Kabul, undated

Afghanistan - Serena five star Hotel in Kabul, undated

Мақомоти афғон мегӯянд, ки дар ҳамлаи шаби гузашта ба меҳмонхонаи "Серена"-и Кобул, нӯҳ нафар, аз ҷумла чаҳор хориҷӣ кушта шудаанд.

Телевизиони "Тулӯъ" аз қавли генерал Аюби Солангӣ, муовини вазири умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки дар ин ҳодиса 9 тан, аз ҷумла чаҳор шаҳрванди хориҷӣ кушта шудаанд. Дар миёни кушташудагон занон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти пулиси Афғонистон гуфтаанд, ки чаҳор фарди мусаллаҳи Толибонро, ки ба меҳмонхона ҳамла карда буданд, куштаанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки ҳамаи ҳуҷумкунандагон кушта шуда ва нерӯҳои вижаи афғон маҳали ҳодисро зери назорат доранд.

Ба гуфтаи манбаъ, бархе аз маҷрӯҳон муҳофизони меҳмонхона мебошанд. Яке аз меҳмонон гуфтааст, ки ба гумони ғолиб тирпаронӣ дар ресторани меҳмонхона шурӯъ шудааст.



Дар ҳамин ҳол, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибони Афғонистон ба расонаҳо гуфтааст, ин гурӯҳ ҳамларо анҷом дода ва ҳадаф аз он, меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ будаанд, ки мехостанд ҷашни Наврӯзро таҷлил кунанд.

Ин барои бори нахуст нест, ки меҳмонхонаи "Серена"-и Кобул мавриди ҳамлаи Толибон қарор мегирад. Аз ин қабл дар солҳои 2008 ва 2010 низ ин меҳмонхона мавриди ҳуҷум қарор гирифта буд, ки бар асари он чандин тан, аз ҷумла хориҷиҳо кушта шуда буданд.

Меҳмонхонаи "Серена" дар маркази Кобул ва тақрибан як километр дуртар аз Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон қарор дорад.

Ҳамла ба меҳмонхонаи "Серена" дар ҳоле сурат мегирад, ки то чанд рӯзи дигар Кобул-пойтахти Афғонистон мизбони маросимҳои Наврӯзи байналмилалӣ аст ва қарор аст дар он сарони як қатор аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ширкат кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG